Гамгин машав

Гамгин машав

Ҳамди беҳад ва ситоиши бепоён ба он Зоти поки бузургу бахшандаву ғамраҳокунандаи меҳрубон, ки моро ба мураттаб сохтани ин китоб ва...

앱 정보


1.0
December 09, 2017
10 - 20

앱 설명


Android 앱 분석 및 검토 : Гамгин машав, World Of Books에서 개발했습니다. 도서/참고자료 카테고리에 나열되어 있습니다. 현재 버전은 1.0이며 09/12/2017 에 업데이트되었습니다. Google Play : Гамгин машав에서 사용자 리뷰에 따르면. 10 이상의 설치를 달성했습니다. Гамгин машав는 현재 1 리뷰, 평균 등급 2X9 스타를 보유하고 있습니다

Ҳамди беҳад ва ситоиши бепоён ба он Зоти поки бузургу бахшандаву ғамраҳокунандаи меҳрубон, ки моро ба мураттаб сохтани ин китоб ва шуморо ба мутолиъаи он шарафёб сохт. Сипас салому дуруди бепоён ба хатмкунандаи анбиё Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҷамиъи олу асҳоби эшон.
Бори дигар шукронаи Худой, ки моро мусалмон офарид. Иловатан, дар радифи хурсандиву масруриҳои мо Парвардигори Азза ва Ҷалл баҳри дафъи гуноҳҳои мо меҳрубонии хешро бар сари мо рехтааст, ки ин ҳам бошад ғаму ғусса аст, ки аз барои ҷурму ҷиноятҳои мо оби раҳмати шӯяндаву [г сафобахши дилҳои зангоргирифтаи мо мебошад.
Хонандаи азиз, ба инояти бениҳояти бузургии Ӯ инак, фурсате ба мо даст дод, ки ба таълифу тарҷумаи китоби бо унвони "Ғамгин машав" бипардозем. Ҳадаф аз рӯйи кор овардани ин матолиб он аст, ки рӯзгори мо бидуни ғам, рӯзи мо бидуни шаб ва масаррати мо бидуни ғусса офарида нашудааст. Як рукни бандагии мо бандагони оҷизу нотавон дар ҳузури Худованд ин аст, ки дар илоҷи рафъи ғамҳо ба ҷуз такя ба зоти поки Ӯ ва сабр дигар чорае надорем ва ба таври бояду шояд бо Офаридгори бахшанда аз барои он ки ба сари мо ғаму ғуссаро рехтааст, ситез накунем ва шукронаи бепоёни Ӯро ба ҷой биёварем, ки барои шустани гуноҳхои мо чунин рӯзи мусибатро ато фармудааст. Ҳазрати Одам (а)- ро дар фироқи фарзанди кушта шудааш-Ҳобил аз ҷониби Қобил ғаму ғуссаи бепоён дод. Иброҳим Халилурраҳмонро ба дастони падараш тавассути манҷаниқ ба оташ афканд, Мӯсоро (а) ба балои тӯҳмату дурӯғгӯйӣ гирифтор сохт. Яъқубро (а) дар фироқи писар аз биноии басар маҳрум карда, Юсуфро (а) солиёни зиёддур азёру диёр ватанғариб ва бардаву зиндонӣ сохт. Хуллас, кулли паёмбарои Худованд то ба ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо шадидтарин ғаму мусибатҳо имтиҳон кард. Сарбаланду сабуру бурдбору шокир буданд, паёмбарони Худованд ба балоҳои заминиву осмонии Ӯ.
Бародарону хоҳарони азиз, зиндагии мо дурӯза аст ва Парвардигори мо намехоҳад, ки мо бо дидани рохату фарогати ин дунё аз Ӯву охирати барҳақи Ӯ гофилгир шавом ва дар рузи ҳашр гирифтори азобу укубати дӯзах бошом. Лиқозо мусибатро низ офаридааст, ки мо бо ин васила ёде аз Ӯ кунем. Ӯ мехрубронтарини меҳурбонон аст. Агар амиқан дарк кунам, дунё сар то сар имтиҳону мусибат аст. Идомаи ин бахшро иншооллох дар сафқаҳои оянда хоҳед хонд. Аммо хадафи мо аз ин пешгуфтор дигар аст. Ин китобе, ки дар даст доред гулчине аз китоби Машхури "Ло тахзан" -и олими бузург Оизи Карани аст. Ин чо кушиш ба харч рафтааст, ки барои хонандагони точик ва умуман порсигуён бо забони шевои модарӣ ганчинахои гуфтори китоби ин бузургмард дастрас бошад. Аслан ин китоб бо забони арабӣ ҳаҷми чаҳор сад сафхаро дар бар мегирад. тавре гуфтем, он чи ки ба зехни точиконаи мо наздик аст, танҳо ҳамонро гулчин намудем. Агар ин китоб шуморо андак ва кучактарин лахза дар гаму гуссаатон хамрохи кард ва шумо аз он баҳрае гирифтед, мо вазифаи хешро дар ҳузури Худованд адо карда ҳисоб мекунем. Агар каме хастагиву ғами шумо бо воситаи ин навиштаҳо дур шуд, мо шукронаи Худой мекунем, ки ба шумо андак бошад ҳам кӯмаке дар пешгоҳи У кардем.
Ба бародароне, ки барои таҳрир, интишор ва дастрас кардани ин китоб кӯмаки хешро дареғ надоштанд, аз даргоҳи Рабби ҷалил таманнои онро дорем, ки аз саодати ин дунё ва охират дастёб бошанд. Инсоният хатокор аст ва ҳатто ҳамеша дар сари ҳар як кори савоби худ як саҳверо содир мекунад. Бо пӯзиш аз даргоҳи Магфираткунанда, итминон дорем, ки ин китоб аз саҳву ғалат орӣ нест. Аз ин рӯ аз хонандагони азиз, ки дар рафти мутолиъаи китоб бо саҳву ғалатҳои имловй, тарҷумавй ва маънавиву техникй рӯ ба рӯ мешаванд, қаблан маъзарти бепоёни худро изҳор медорем.
Тавфиқи Худованд бо ҳамаи мо бод.

Тегхо(Ислом, ислам, китоб, китаб, не грусти, не печалься, Мудрость, смысл жизни точики точикистон библиотека китобхо мусулмон бародару хохарон)
우리는 현재 버전 1.0를 제공하고 있습니다. 이것은 우리의 최신 버전입니다. 다양한 장치에 적합합니다. Google Play 스토어 또는 우리가 호스팅하는 기타 버전에서 직접 Apk를 무료로 다운로드하십시오. 또한 등록없이 다운로드 할 수 있으며 로그인이 필요하지 않습니다.

옵션이 많은 Samsung, Xiaomi, Huawei, Oppo, Vivo, Motorola, LG, Google, OnePlus, Sony, Tablet ... 용 2000+ 이상의 장치가 있으며 장치에 맞는 게임이나 소프트웨어를 쉽게 선택할 수 있습니다.

Google App Store의 국가 제한이나 장치 측면에서 제한 사항이 있으면 유용 할 수 있습니다.

Google Play 스토어에서 평가 및 검토


0.0
1
5 0
4 0
3 0
2 0
1 0